Қаллобии табибон дар Восеъ: 2400 $ барои дохилшавӣ ба коллеҷи тиббӣ
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ду масъули тибро боздошт намудааст, ки дар гирифтани пора барои дохил намудани довталаб ба коллеҷи тиббии ноҳияи Восеъ муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои ин ниҳод боздоштшудаҳо Абдурасул Холматов, корманди Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологӣ ва Иброҳим Валиев, корманди Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ аз як шаҳрванд барои дохилшавӣ ба Коллеҷи тиббии ноҳия 2100 доллари амрикоӣ гирифта, боз 300 доллари дигарро талаб кардаанд: “Валиев Иброҳим баъди аз шаҳрванд «М» гирифтани 300 доллари амрикоӣ дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ дастгир карда шуда, аз ӯ маблағи 300 доллари амрикоӣ ҳамчун далели шайъӣ мусодирашуд”.
Оҷонсии зидди фасод афзуд, ки феълан алайҳи Холматов ва Валиев барои қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.