“Истиқлол” бо се бозигараш хайрухуш кард
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон бо ризоияти тарафайн шартномаро бо се бозигараш қатъ кардааст.
Торномаи бошгоҳи ин тим мегӯяд, Александре Каблаш, легионери украинӣ, Акмал Холматов, нимҳимоятгари узбак ва Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон, ки аз оғози мавсими ҷорӣ ба тим пайваста буданд, минбаъд дар ҳайати он бозӣ нахоҳанд кард. Ба иттилои манбаъ, Акмал Холматов ба тими “Нефтчӣ”-и Фарғона баргашта, Александр Каблаш дар як дастаи украинӣ мавриди санҷиш қарор дорад: “Давронҷон Эргашев бошад, ба дастаи “Тараз”-и Қазоқистон даъват шуд. Раҳбарияти “Истиқлол” барои гузариши ин бозигар ба “Тараз” эътирозе накард”.
Ин се бозигар дар ҳоле “Истиқлол”-ро тарк мекунанд, ки ҳафтаи гузашта ҳимоятгари даста Ҷаҳонгир Ҷалилов бинобар сабаби вазъи саломатӣ аз хотимаи карерааш дар ин тим хабар дода буд.