Мусалмонони Тоҷикистон 6 июл Иди Фитрро ҷашн мегиранд
Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Фитр дар кишварро чоршанбеи 6 июл муқаррар кардааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, санаи Иди Фитр дар ҷаласаи шӯро имрӯз, 29 июн муайян карда шуд. Ба иттилои манбаъ, намози фитр дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар соати 06:00 хонда мешавад.
Иди фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, баъд аз моҳи Рамазон таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ баъд аз солҳои наввадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ аз он истиқбол шуда, дар ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва ин рӯз истироҳат эълон мешавад.