Ҳалокати зани 54-сола, ки зери чархи тепловоз монд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 28 июн, тақрибан соати 03:55 тепловози тамғаи “ТЭМ-2 4143”, таҳти идораи сокини 58-солаи шаҳри Ваҳдат ва истиқоматкунандаи 42-солаи Душанбе ҳангоми ҳаракат дар километри 46-63-и роҳи оҳани шаҳри Душанбе-Пахтаобод як сокини ноҳияи Ҳисорро зер кардааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷабрдида, зани 54-сола дар беморхона ба ҳалокат расидааст.