Қатъи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Дилбар Гургова
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур парвандаи ҷиноӣ алайҳи Дилбар Гургова, модари танҳои 5 ноболиғро қатъ намудааст.
Дилбар Гургова, ҳамсари Амрулло Нуров, маҳкумшуда барои узвият дар гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим аз сӯи додситонӣ дар он муттаҳам шуда буд, ки гӯиё монеаи таҳсили фарзандонаш шудааст.
Додситонӣ алайҳи Гургова тибқи моддаи 164-и Кодекси ҷиноӣ-монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии асосӣ парванда боз карда буд, ки то ду соли зиндон ё ҷарима аз 4 то 5 ҳазор сомониро пешбинӣ кардааст. Ба иттилои додситонӣ Гургова барои таҳсили ду фарзандаш-Худоёр Нурови 12- сола ва Аслиддин Нурови 11-сола монеъ мешудааст.
Аммо худи модари танҳо мегӯяд барои фиристодани фарзандонаш ба мактаб шароит надошт ва пас аз кӯмакҳои нафарони саховатманд писаронаш таҳсилро идома дода истодаанд: “Аз моҳи апрел фарзандонам ҳамарӯза дар мактабанд”.
Додрас Назарзода Даврон бо назардошти идомаи таҳсили фарзандон ва пӯшаймонии Гургова парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯро қатъ кардааст.
Худи ин модари танҳо дар шарҳи қазия имрӯз, 28-уми июн ба “Озодагон” гуфт, “бо сабабе, ки дубора фарзандонамро ба мактаб фиристодам ва аз кори кардаам пӯшаймон шудам, парванда нисбатам қатъ гардид. Шукр, ки ман ҷарима нашудам ва аз ин хеле хурсандам. Агар маро ҷаримаи калон кунанд, аз куҷо онро пардохт карда метавонам”.
Дар рафти мурофиаи додгоҳӣ Сайрам Сарнисоқова, роҳбари синфи Аслиддин, писари Гургова гуфт, шароити зиндагии шогирдаш хеле бад мебошад ва пайваста барои ба дарс ҳозир шуданаш ӯро таъкид кардааст: “Дар давоми сол Аслиддин 201 соат дар дарс ҳозир набуд. Модарашро, ки дар бозорчаи 9-ум километр бо тиҷорат машғул буд, ҳар вақт дида мегуфтам, ки писарашро ба мактаб равон кунад. Зимистон буд, Аслиддинро маҷбур кардам, ки дар дарс ҳозир шавад, вале аз ин корам худам хиҷолат кашидам. Зеро вақте Аслиддин дар рӯзи барф бо “басаножка” омад, пойҳояш хунук мехӯрданд. Ҳамсинфонаш то ҷое масхарааш ҳам мекарданд, вале агар аз болояш назорат бошад, писари босавод аст”.