Бахтовар барои муолиҷаи саратон аз Эмомалӣ Раҳмон ёрӣ мехоҳад (ВИДЕО)
Як навраси 17-солаи тоҷик аз раисиҷумҳур ва кулли мардуми саховатманди Тоҷикистон барои муолиҷаи бемории саратонаш ёрӣ мехоҳад.
Бахтовар Раҷабов, сокини маҳаллаи 1 майи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, аз ҳафт соли пеш огоҳ шуд, ки ба саратон мубтало шудааст. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” изҳор дошт, орзуи дар риштаи гуштӣ чемпиони Тоҷикистон шуданро дорад: “Ман ба хотири чемпион шудан, зиндагӣ кардан мехоҳам. Ба саломатиам нигоҳ накарда, ҳар рӯз машқ мекунам. Аммо ин орзуи ман бе кумаки шумо амалӣ намешавад. Аз Ҷаноби олӣ ва нафароне, ки имкон доранд, хоҳиш мекунам барои дар хориҷи кишвар табобат гирифтани ман дасти ёрӣ дароз кунанд”.
Тобонбӣ Аҳмадова, модари Бахтовар мегӯяд, вақте фарзандаш 10 сол дошт, табибон дар рудаи росташ саратонро муайян намуда, бо як ҷарроҳӣ як қисмати рудаашро буриданд. “7 фарзандро бе падар калон намудам. Бахтовар писари хурдиам мебошад. Соли 2005 ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, ду сол роҳ гашта натавонистам, аммо бемории писарам маро бо “чигас” ба по хезонд”,-гуфт ӯ.
Хонум Аҳмадова афзуд, табибон ба писараш танҳо теннисбозиро иҷозат додаанд, аммо чун Бахтовар мехоҳад гуштигири номӣ шавад, ҳамеша машқ мекунад: “Саҳар барвақт хеста, барои машқ кардан ба майдончаи варзишии мактаб меравад. Дар ҳама корҳои вазнини хона ба ман кумак мекунад”.
Модари Бахтовар гуфт, беморӣ ба таълимаш дар мактаб таъсири манфӣ расонд: “Аз дарсҳо қафо монд. Баъзан ҳамсолонаш ӯро таъна мезаданд, ки гирифтори бемории табобатнашаванда аст. Ин чизҳо сабаб шуд, ки баъди хатми синфи 9 дигар ба мактаб нарафт”.
Ӯ мегӯяд, тавони барои муолиҷа ба хориҷи кишвар бурдани фарзандашро надорад ва аз ин рӯ аз мардуми саховатманд кумак мехоҳад.
Саратон як намуди паҳнгаштаи омосҳои бадсифат мебошад, ки аз бофтаҳои пӯсти (эпителӣ) ибтидо мегирад. Бино ба омори Маркази вилоятии саратоншиносӣ дар минтақаи Кӯлоб, танҳо дар шаш моҳи соли равон 134 нафар бо ин беморӣ ба қайд расидааст.
ШУМОРАИ ТЕЛЕФОН БАРОИ ОНҲОЕ КИ МЕХОҲАНД БА БАХТОВАР ЁРӢ БИДИҲАНД: 985 70 23 10