1600 сомонӣ-ҷаримаи Файзиев барои талаби 2 сомонӣ аз мусофирон
Солеҳҷон Файзиев, ронандаи мусофирбари хатсайри рақами 2 барои рафтори дағалона ва талаби роҳкирои барзиёд ба маблағи 1600 сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст.
Тавре Исмоил Одинаев, директори ҶДММ “Муҳаммадҷони Д” масъули хатсайри рақами 2, имрӯз 28-уми июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, баъди дарёфти шикояти мусофирон Хадамоти зиддиинҳисорӣ нисбати Файзиев Солеҳҷон барои дағалӣ ва талаби роҳкирои барзиёд парвандаи маъмурӣ тартиб додааст.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ муайян кардааст, ки Файзиев дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино аз мусофирон Ҳайдарова Ганҷина ва Маҳмадназарова Саврибону ба ҷои 3,2 сомонӣ 4 сомонӣ талаб кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, ин амали ронанда хилофи қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофирон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад: “Хадамоти зиддиинҳисорӣ Файзиевро барои ин қоидавайронкунӣ ба андозаи 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо-1600 сомонӣ ҷарима баста, муқаррар намудааст, ки он давоми 30 рӯз ба буҷаи давлат пардохт карда шавад”.
Директори ширкат гуфт, имрӯз ҳамаи ронандаҳои хатсайрро бо қарори муҷозоти Файзиев шинос хоҳанд кард, то барояшон дарси ибрат шаваду дар оянда ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ надиҳанд.
Охири ҳафтаи гузашта мусофирони як нақлиёти хатсайри №2 ба “Озодагон” шикоят карданд, ки ронанда онҳоро барои пардохт накардани ду сомонӣ аз мошинаш берун кард.
Ганҷина, як сокини Душанбе гуфт, ҳамроҳи духтари аммааш аз назди Хадамоти шиносномавию бақайдгири ноҳияи Шоҳмансур ба мусофиркаши “Старекс” нишаста, ду сомонӣ дароз карданд: “Мо то “Гулистон” мерафтем. Ронанда гуфт, боз ду сомонии дигар бидиҳед. Гуфтем, ки то “Гулистон” роҳкиро як сомонӣ аст, аммо бо мо ҷанҷол бардошт”.
Саврибону, ҳамсафари Ганҷина мегӯяд, вақте то назди меҳмонхонаи “Гранд отел” расиданд, ронанда мошинро нигоҳ дошта, бо доду фарёд онҳоро аз мошин берун кард: “Мегӯяд, ман аз соати 2-и шаб кор мекунам, шумо дар хонатон хобед. Боз як сомонӣ медиҳед”.
Бо қарори шаҳрдорӣ аз тобистони соли 2011 фосилаи ҳатсайрҳое, ки беш аз 16 км-ро ташкил медод, ба ду қисм ҷудо шуда, роҳкиро барои ҳар қисмат 80 дирам муайян шуд. Аммо ронандаҳо аз мусофирони худ аксаран ба ҷойи 80 дирам як сомонӣ ва ба ҷойи 1,60 дирам 2 сомонӣ талаб мекунанд. Хатсайри №2 аз “Шаҳраки низомиён” то Бозори “Пойтахт-90” буда, бар асоси қарори шаҳрдорӣ ба ду қисм ҷудо мешавад ва нуқтаи ҷудокунандаи он маҳаллаи “Гулистон” муқаррар шудааст.
Акси мусофиркашро Ганҷина ба "Озодагон" фиристод