Гузашти низомӣ ва намоиши силоҳ ба Э.Раҳмон дар Хоруғ (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 28-уми июн дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ дар гузашти низомии сохторҳои қудратӣ ва намоиши техникаҳои ҳарбӣ иштирок кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар майдони ҳавоии фурудгоҳи Хоруғ техникаҳои зиреҳпӯши ҷангию нақлиётӣ, артиллерияҳои худгард, навъҳои мухталифи туп ва дигар лавозимоти ҷангӣ ба намоиш гузошта шуд.
Манбаъ мегӯяд, бо мақсади назорату пурзӯр намудани минтақаҳои масъулиятноки кишвар дар хати якуми дифоъ сарҳадбонони тоҷик ва дар хати дуюми дифоъ қувваҳои асосии мудофиавӣ- ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудаанд, ки дар сурати таҳдиди хатар метавонанд ба душман зарбаҳои қатъӣ зананд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур зикр кардааст, ки соли 2004 масъулияти ҳифзи марзи давлатии Тоҷикистон ба зиммаи хизматчиёни ҳарбии тоҷик вогузор карда шудааст ва дар ин муддат ҳамаи қисму воҳидҳои марзбонии мамлакат шакл гирифта, имрӯз ба такягоҳи пуриқтидори давлату миллат табдил ёфт.
Дар пайи тамошои гузашти низомиён ва силоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе баргашт.