Ронандаи норозии тоҷик пулисро болои “капот” бардошт
Додситонии Санкт Петербург Амонулло Яҳёхуҷаев, шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистонро дар саркашӣ ва расондани осеби ҷисмонӣ ба маъмури пулис муттаҳам кардааст.
Тибқи иттилоияи додситонии шаҳри Санкт Петербург парвандаи ҷиноӣ алайҳи Яҳёхуҷаев ба додгоҳи ноҳияи Москави шаҳри Санкт Петербург ирсол шудааст.
Манбаъ мегӯяд, маъмури пулис Яҳёхуҷаевро дар фурӯши ғайриқонунии маҳсулоти спиртӣ дар кӯчаи Детский муттаҳам кардааст: “Аммо Яҳёхуҷаев бо ин иттиҳом розӣ нашуда, бо мошини "Опель Астра"-аш хостааст, ҷои ҳодисаро тарк кунад. Маъмури пулис хостааст, монеа шавад ва аз пеши мошин истодааст. Ронандаи ҷавон маъмури пулисро болои “капот” бардошта, то 50 метр бурдааст”.
Додситонии Санкт Петербург мегӯяд, дар пайи ин қазия маъмури пулис осеби сабуки ҷисмонӣ бардоштааст.