Лионел Мессӣ гуфт, дигар дар тими миллӣ бозӣ намекунад
Лионел Мессӣ, ҳамлагари мунтахаби Аргентина ва дастаи “Барселона”-и Испания эълон кардааст, дигар дар ҳайати яккачини кишвараш бозӣ намекунад.
Бозигари 29-солаи аргентинӣ ин нуктаро 27 июн баъди бохти дастааш дар финали "Ҷоми Амрико-2016" иброз доштааст. Мессӣ дар ин бозӣ натавонист тӯбро аз ҷаримагоҳ вориди дарвозаи ҳариф созад.
Ба гузориши Associated Press, Мессӣ гуфтааст, “ман дар чор дидори финалӣ бозӣ кардам, талош намудам, аммо ин барои ман нест. Фикр мекунам ҳама чиз ба анҷом расид. Рафтан аз яккачин шояд барои ман ва дигарон хуб бошад”.
Ӯ изҳор дошта, ки ҳарчанд мехост бо яккачини кишвараш ба дастоварде ноил гардад, аммо маҷбур аст, ба карераашро дар ин тим хотима бахшад.
26 июн яккачини Аргентина дар даври финалии "Ҷоми Амрико-2016" бо Чилӣ мусовӣ кард. Дар пайи зарбаҳои пеналтӣ Аргентина бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд. Лионел Мессӣ натавонист тӯбро ба ҳадаф расонад.
Дар пайи изҳороти ин футболбози машҳур, шаш бозигари дигар Гонсало Игуаин, Эсекел Лавессӣ, Лукас Биля, Анхел Ди Мария, Хавер Маскерано ва Серхио Агуэро низ гуфтаанд, дигар намехоҳанд дар ҳайати тими миллӣ бимонанд.
Мессӣ аз соли 2005 дар ҳайати яккачини кишвараш бозӣ мекард ва дар 113 дидор 55 гол задааст.