Муштзани тоҷик ба финали мусобиқаи Боку расид
Анвар Юнусов, варзишгари шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон идома дорад, ба даври ниҳойи роҳ ёфт.
Муштзани тоҷик дар вазни то 60 кило дар даври ниманиҳоӣ Ҷун Шани чиноиро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Дар даври финалӣ шоми имрӯз, 25 июн ӯ бо Энрико Лакруз аз Нидерланд қувва меозмояд.
Новобаста аз натиҷаи ин дидор Анвар Юнусов роҳхати Олимпиадаи Рио-2016-ро соҳиб мешавад.
Дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс миёни мардон дар шаҳри Боку 8 варзишгари тоҷик иштирок доштанд, аммо 7 тани онҳо ноком гардиданд.