Раҳимпур: Зариф нишасти Шанхайро барои адои намоз тарк кард, на бо нишони эътироз
Иброҳим Раҳимур, муовини вазири умури хориҷаи Эрон хабарҳо дар мавриди бо нишони эътироз тарк кардани нишасти Созмони ҳамкориҳои Шанхайро аз сӯи Ҷавод Зариф такзиб кардааст.
Қаблан бархе аз расонаҳо навиштанд, вазири хориҷии Эрон дар пайи ба узвияти СҲШ напазируфтани Теҳрон толорро бо нишони эътироз кард намудааст. Аммо расонаҳои Эрон аз қавли Раҳимпур менависанд, “оқои Зариф нишасти Шанхайро барои адои намоз тарк карда буд, на эътироз. Ҳеч эътирозе даркор набуд”.
Раҳимур бо ишора ба он ки гӯиё кишварҳои узви СҲШ моил ба пазируфтани Эрон дар ин созмон набудаанд, гуфтааст: “Бар хилофи ин масъала руасои ҷумҳурии Чин, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Ҳиндустон ва Покистон аз узвияти Эрон истиқбол карданд”.
Нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай 23-24 июн дар Тошканди Узбакистон баргузор шуд. Тоҷикистон, Чин, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон узви ин созмон буда, чанд кишвари дигар, монанди Эрон, Покистон, Ҳиндустону Афғонистон дар он мақоми нозирро доранд.