Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони Ванҷ: Фарзандони худро аз роҳи бад гардонед
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аснои суханронӣ дар ноҳияи Ванҷ бо ишора ба вазъи минтақа ва ҷаҳон аз ҳозирин даъват кардааст, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат "ҳамеша ҳушёру зирак" бошанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, "ҳоло як қатор кишварҳо ба гирдоби хунини ҷангу мухолифатҳои даҳшатнок гирифторанд ва созмону гуруҳҳои террористиву экстремистӣ аъмоли харобкоронаи худро торафт вусъат дода истодаанд. Дар чунин вазъи бисёр ҳассосу мураккаб ҳар яки мо вазифадорем, ки ба қадри сулҳу субот ва бузургтарин дастоварди халқамон - истиқлолияти давлатӣ расем, дастовардҳои онро ҳифз кунем ва ҳамеша барои таҳкиму тақвияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ кӯшиш кунем".
Ба таъкиди раисиҷумҳур, барои ноил шудан ба ин ҳадафи миллӣ бояд ҳамеша ҳушёру зирак буд, то ба гуфтаи ӯ, дар ҷаҳони пурҳаводису ноороми имрӯз манфиатҳои миллату давлат ва арзишҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлоламонро ҳимоя карда тавонем: "Бинобар ин, ба кулли роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, падару модарони соҳибэҳтиром, омӯзгорону зиёиён ва шахсиятҳои рӯзгордидаву обрӯманди ноҳия ва деҳоти Язғулом муроҷиат менамоям, ки фарзандони худро аз роҳи бад гардонед ва оқибатҳои бади гароиш ба гурӯҳу равияҳои террористиву экстремистиро ба наврасону ҷавонон фаҳмонед. Зеро тибқи маълумот имрӯз даҳҳо нафар сокинони ноҳия дар амалиёти ҷангӣ дар хоки давлатҳои дигар, аз қабили Сурияу Ироқ иштирок карда истодаанд, ки ин боиси нигаронӣ ва таассуф аст".
Президент дар идома таъкид кардааст, ки ба ғуруру мардонагӣ ва ҳисси баланди миллии сокинони Ванҷ бовар дорад ва хуб медонад, ки дар қалбу вуҷуди онҳо танҳо муҳаббату самимият ва умеди устувор ба ояндаи ободи Ватан ҷой гирифтааст.
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25 июн бо як сафари корӣ ва ҷиҳати ширкат дар маросимҳои таҷлил аз Рӯзи ваҳдати миллӣ ба Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон рафт. Ин сафар аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфта, дар зимн Президент бо раҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ мулоқот кардааст.