Муфтӣ ҷои закотсупорию савобгириро нишон дод: Закот мисли андоз аст...
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз, 24-уми июн дар мавъизаи намози ҷумъа мардуми кишварро ба супоридани закоту фитри рӯза даъват кард.
Муфтии Тоҷикистон гуфт, мардуми ҷамоати Зайналободи ноҳияи Рудакӣ, ки аз офати табии ахир зарар диданд, ба кӯмак ниёз доранд. Ӯ мавзеъҳои зарардидаи ноҳияи Рӯдакиро ҷои хайру саховат, ҷойи гирифтани ризогии Парвардигор хонд: “Ҳар хайр, чӣ закот бошад, чӣ фитри рӯза, ки ба инсони нотавону нодор дода мешавад, аз 100 то 700 аҷр дорад”.
Абдулқодирзода закотро ба андози давлат ташбеҳ дода, афзуд, ки агар имрӯз сарватмандон, соҳибони корхонаҳо ба давлат андоз насупоранд, давлат корхонаю амволашро фурухта андозро меситонанд: “Закот ҳам монанди ҳамон андозест, ки месупоранд. Агар закот супорид Худованд кафили молу сарваташ мешавад”.
Муфть таъкид кард, ки мусалмонӣ дар амал аст, на дар сухан: “Ҳар нафаре, ки мегӯяд мусамонӣ дар дил аст ин поя надорад”.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, ҳоло ҳадди нисоби закот 17 ҳазору 400 сомонӣ муқаррар карда шудааст ва ҳар нафаре, ки пулаш ба закот нарасидаасту аз он хайр мекунад Худованд сарвати ӯро ба закот мерасонад.