ТАЛКО дар Бадахшон баландтарин парчам дар ҷаҳонро месозад
Манораи ливои миллӣ, ки дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ қомат меафрозад, баландтарин парчам дар миқёси ҷаҳон хоҳад буд.
Бино ба иттилои торнамои рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” пояи ин парчам 32 метр ва паҳноияш 4,8 метр буда, дар баландии 1232 метр аз сатҳи баҳр парафшон мегардад: “Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ВМКБ, ки аз давраҳои пеш онро “Боми ҷаҳон” унвон мекунанду дар баладии беш аз 2 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст, парчами мазкур нафақат дар кишвар, балки дар олам аз баландтарин хоҳад буд”.
Манбаъ аз қавли Гран Гозариян, роҳбари сохтмончиён менависад, дар бунёди ин манора 18 сохмончии касбӣ иштирок доштааст: “Масъули ин тарҳ Корхонаи алюминийи тоҷик ният дорад то рӯзи 25 июн корҳои сохтмониро пурра ба анҷом расонанд”.
Манораи ливои миллӣ яке аз 82 иншооти хурду бузурге унвон шудааст, ки қарор аст дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар вилояти мухтори куҳистони Бадахшон мавриди баҳрабардорӣ қарор бигиранд.
Бунёди парчами баландтарин дар Бадахшон дар ҳолест, ки Тоҷикистон барои парчаме бо миллаи 165 метрӣ ба китоби рекордҳои Гиннес роҳ ёфт.
Матои парчам, ки 60 метр дарозӣ ва 30 метр паҳноӣ дорад, 9 сентябри соли 2011 дар ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар канори Қасри миллат расман барафрохта шуд. Сохтмони пояи сутуни парчами Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2010 оғоз шуда, онро кормандони ширкатҳои ватании “Алюминбинокор” ва амрикоии "Trident Support" бунёд карданд. Ин сутун аз оҳан сохта шуда, ранги сафед дорад, ки ҳам дар шаб ва ҳам дар рӯз аз масофаи дур дида мешавад.