Ҷузъиёти боздошти судя бо беш аз 111 ҳазор $ пора
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ҷузъиёти боздошти Искандар Саидзода, додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, бо иттиҳоми порагирӣ дар ҳаҷми 111 ҳазор доллари амрикоиро ифшо кард.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Саидзода ҳафтаи гузашта ҳангоми гирифтани 50 ҳазор доллар дар утоқи корияш боздошт гардид.
Ба иттилои манбаъ Саидзода ба ивази пора ба шаҳрвандон “А” ва “Б”, ки Оҷонсии зидди фасод онҳоро дар қаллобӣ муттаҳам кард, ваъдаи пуштибонӣ додааст: “Баҳори соли равон Саидзода барои пуштибонӣ аз судшавандагон "А" ва "Б" аввал 7000 доллари амрикоӣ ва сипас зери таҳдиди таъини ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ 50 000 доллари амрикоиро гирифта, 19 майи соли 2016 бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ нисбати судшавандагон "А" ва "Б" ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне ҷарима татбиқ кард”.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, Саидзода кирдори ҷиноияшро идома дода, дар доираи парвандаи дигар аз шаҳрвандон "А" ва "Б" боз 50 ҳазор доллари амрикоии дигарро талаб кардааст: “17-уми июни соли равон тахминан соати 17 Саидзода пас аз гирифтани 50 ҳазор доллари амрикоӣ дастгир шуда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад”.