Дилбар Гургова аз ҳисоби амволи Ҳоҷӣ Ҳалим манзил мехоҳад
Дилбар Гургова, ҳамсари Амрулло Нуров, ки бо иттиҳоми узвият ба гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим 23 сол равонаи зиндон шуд, хоҳиш дорад, аз ҳисоби амволи собиқ муовини вазири мудофиа барояш хона бидиҳанд.
Ҳукми Додгоҳи олӣ нисбати Амрулло Нуров ва чанд муттаҳами дигар дар узвият ба гуруҳи Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) 10 июн эълон шудааст. Хонум Гургова мегӯяд, ӯ ва вакили дифои шавҳараш ба ин мурофиа даъват нашудаанд.
Ба иддаои Дилбар Гургова ҳамсараш ронандаи Садриддин Неъматов, сардори қисми низомие дар Шаҳритӯс буд ва аслан Ҳоҷӣ Ҳалимро намешинохт. Додгоҳи олӣ ахиран Садриддин Неъматовро ба ҳабси абад маҳкум кардааст. “Шавҳарам танҳо Садриддин Неъматовро мешинохт ва бо Ҳоҷӣ Ҳалим умуман ошно набуд. Мегӯянд, Неъматов бо Ҳоҷӣ Ҳалим рафту омад доштааст”.
Дилбар Гургова мегӯяд, бо фарзандонаш дар шароити вазнин зиндагӣ доранд ва хоҳиш дорад, давлат аз ҳисоби молу мулки Ҳоҷӣ Ҳалим барояш манзил бидиҳад: “Шавҳари ман барои Ҳоҷӣ Ҳалим шуда, 23 сол равонаи зиндон гашт. Дар телевизион дидем, ки ӯ чӣ қадар молу мулк доштааст, бигзор давлат аз ҳисоби дороии вай бароям як хона диҳад. Ман дар як хобгоҳ иҷорашин буда, ҳар моҳ 485 сомонӣ месупорам, дар ҳоле ки дар як рӯз ҳамагӣ 5 сомонӣ даромад дорам”.
Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим то воқеаҳои сентябри соли 2015 муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон буд. Мақомоти тоҷик ӯро дар талоши табадуллоти давлатӣ муҷрим шинохтанд. Дар пайи даргирӣ миёни неруҳои давлатӣ ва пайравони Ҳоҷӣ Ҳалим 17 низомӣ 25 аъзои гуруҳи вай кушта шуданд. Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ Абдуҳалим Назарзода ва чанд ҳамаслаки вай рӯзи 16 сентябри соли 2015 дар дараи Ромит “безарар гардонда шуданд”.
Ба дунбол садҳо нафар бо иттиҳоми узвият ба гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шуданд.