Э. Раҳмон Каримовро ба Душанбе даъват кард (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 23-юми июн дар шаҳри Тошканд бо Ислом Каримов, Президенти Узбакистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов ҳолати мавҷуда ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, оид ба дарёфти роҳҳои нави рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун табодули афкор намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон рушди манфиатбахши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо Узбакистонро, ки аз қаъри асрҳо маншаъ мегиранд, дар сиёсати хориҷии Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятнок арзёбӣ намудаст: “Ҷонибҳо аз раванди таҳкими судовари робитаҳо, аз ҷумла болоравии ҳаҷми гардиши мол ва фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ изҳори қаноат карданд. Инчунин мавзуъҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи сиёсии Афғонистонро баррасӣ карда, ба таъмини амнияти минтақа ҳамчун шарти суботи иҷтимоию сиёсии Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд”.
Ба иттилои манбаъ дар охири вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Каримов барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, аз ӯ даъват ба амал овард, ки дар вақти мусоид ба Тоҷикистон ташриф орад.