Паёми ҷашнии А.Шодӣ аз Хоруғ: Дуруд Самарқанду Бухороро
Афзалшоҳ Шодӣ, овозхони маъруфи тоҷик, ки барои иштирок дар ҷашни Ваҳдат дар шаҳри Хоруғ қарор дорад, бо нашри як паём мардуми Тоҷикистонро бо ин рӯзи фархунда табрик гуфтааст.
Дар паёми Афзалшоҳ Шодӣ аз Хоруғ, ки хабаргузории “Ховар” нашр кардааст, таъкид шудааст, ки Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз он сафар то ин сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон боз ҳам ободтару дилписандтар гаштааст: “Тоҷикистони соҳибистиқлол- ин на танҳо Бадахшон, Хатлон, Суғд, Рашту Ҳисор аст, ин роҳҳову пулҳои нав, неругоҳҳои нави барқӣ, биноҳои нави замонавӣ, сафоратхонаҳои кишварамон дар соири кишварҳои дунё, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар давлатҳои мухталифи ҷаҳон, таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар гимназияву мактабҳои нави Президентии кишвар, бунёди мактабҳову бемористонҳои замонавӣ, ҷорӣ шудани технологияи ҷадид дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, қадамҳои устувор ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва умуман амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон низ ҳаст”.
Афзалшоҳ Шодӣ таъкид намудааст, ки “рамзи асосии Тоҷикистони соҳибистиқлол ин Сарвари дурандеш, марди пуртамкин, дилсоф, сиёсатмадори сатҳи олииҷаҳонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки воқеан ифтихори мо, мардуми Тоҷикистон мебошанд. Мо имрӯзҳо шоҳиди онем, ки сокинони Бадахшон чи қадар муштоқи дидор бо Ҷаноби Олӣ ҳастанд ва ба ин мулоқот бо тамоми ихлосу муҳаббат омодогӣ мебинанд”.
Дар охири паём овозхони маъруф таманниёташро ба мардуми Тоҷикистон дар шакли назм ироа кардааст:
ТАМАННО
Ба дунё тинҷӣ мехоҳам,
Ба мардум сарбаландиҳо.
Ба модар қиблаи уммед,
Ба ошиқ сабри беҳамто.
Саводе бесаводонро,
Навое бенавоёнро.
Занонро шарми мардона,
Ва имон марди шайтонро.
Заминро файзу эҳсоне,
Кушоишро ба деҳқонон.
Ба ташна оби дарёро,
Ба гушна порае аз нон.
Ба тоҷик бахти фардоро,
Ба миллат ганҷи дороро.
Худовандо, дуруд аз мо
Самарқанду Бухороро!
Муҳаббат бар Ватан-модар,
Садоқат бар ҳамин кишвар.
Дили пурмеҳри инсонӣ,
Барои халқи ин кишвар.
Сарояд Ҳоҷӣ Афзалшоҳ,
Суруди миллати хушфар.