Ҳимояти Э.Раҳмон аз мавқеи Пекин дар мавриди баҳри ҷанубии Чин
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми дидор бо Си Ҷинпин, ҳамтои чиноиаш аз мавқеи ӯ дар мавриди баҳси баҳри ҷанубии Чин ҳимоят кардааст.
Бино ба иттилои хабаргузории Синхуа, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: “Ман комилан аз мавқеи Пекин дар мавриди баҳри ҷанубии Чин ҳимоят мекунам ва мухолифи ҳама гуна талошҳои байналмилалӣ кардани ин мавзӯъ мебошам”.
Чин даҳсолаҳост бо чанд кишвар бар сари ҷазираҳои Сиша, Нанша ва Хуанян дар баҳри Чини ҷанубӣ баҳси ҳудудӣ дорад. Кишварҳои Ветнам, Бруней, Малайзия ва Филипин ҳам то андозае вориди ин баҳс ҳастанд. Гуфта мешавад, ин ҷазираҳо дорои захираҳои кофии гидрокарбон (углеводород) буда, бархе роҳҳои баҳрии тиҷоратӣ низ тавассути он мегузарад.
Дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Син Ҷинпин дар доираи ҷаласаи навбатии Созмони ҳамкориҳои Шанхай сурат гирифтааст, ки дар Тошканди Узбакистон баргузор мешавад.