Даргузашти нахустин зани академики тоҷик дар пайи фишорбаландӣ
Хуршеда Отахонова, нахустин зани академики Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, узви пайвастаи Академияи илмҳо имрӯз, 23 июн дар синни 84-солагӣ аз дунё даргузашт. Дар ин бора ба “Озодагон” Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ӯ аз бемории фишори хун даргузашааст. Марҳум зуҳри имрӯз дар мазори Сари Осиё ба хок супурда шуд.
Хуршеда Отахонова адабиётшинос ва мунаққиди шинохтаи тоҷик буда, даргузашташ талафоти бузурге дар илми филологияи тоҷик мебошад.
Хуршеда Отахонова 2 сентябри соли 1932 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таваллуд шудааст. Солҳои 1948-1953 факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм намудааст. Марҳум аз унвонҳои оддӣ то ба дараҷаи академикӣ расида, солҳои 1953-1954 ба ҳайси мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», 1953-1954 аспиранти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, 1957-1964 корманди хурди илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва солҳои 1964-1971 ба ҳайси ходими калони илмии шуъбаи адабиёти советии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ кор кардааст. Хуршеда Отахонова соли 1968 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва соли 1991 узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб гардидааст. Соли 1994 ба ӯ унвони фахрии «Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шудааст.