Изҳороти Вазорати рушди Покистон алайҳи “CASA-1000”
Вазорати барномарезӣ, тавсеа ва ислоҳоти Покистон иддаои Вазорати энергетика ва захираҳои оби ин кишвар, ки созишномаи “CASA-1000”-ро муфид арзёбӣ кардааст, бепоя хонд.
Ин вазорат бо пешниҳоди хулосаҳояш изҳор доштааст, ки мизоҷони барқ дар Покистон 1,2 миллиард доллар пули барқ ва 50 миллиони дигарро ҳамчун ҳаққи интиқол ба Афғонистон хоҳанд дод.
Кумиссиёни барномарезии Покистон 2.91 сент пули интиқолро 10 баробар болотар аз нархи “Ширкати миллии интиқоли Покистон” ва 3 баробар гаронтар аз Аврупо хондааст.
Ба иддаои ин кумиссиён вақте асоснокии техникӣ-иқтисодии ин тарҳ пешниҳод шуда буд, он ҷо арзиши як киловат нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон 1,5 сент сабт шуда буд: “Аммо дар қарордоди воқеӣ барои ҳар киловат барқ 5.15 сент гуфта шудааст”.
Илова бар ин Кумиссиён зикр кардааст, ки феълан Афғонистон барқро, аз ҷумла аз Тоҷикистон бо нархи 3-4 сент мехарад ва барои интиқоли барқ бо нархи қиматтар ба кишварҳои сеюм манфиатдор нест.
Вазорати рушд ва барномарезии Покистон қайд кардааст, ки тарҳи “CASA-1000” бо ҳадафи таъмин кардани ин кишвар аз барқи алтернативӣ ва бениёз шудан аз гази Эрон дар назар гирифта шуда буд: “Аммо бо тағйир ёфтани фазои сиёсӣ ва лағви маҳдудиятҳо алайҳи Эрон ин тарҳ ҷозибияти худро гум мекунад”.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки аксари кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ аз “CASA-1000” ҳимоят карда, онро барои рушди минтақа муфид хонд.
Cохтмони хатти интиқоли барқи КАСА-1000 12 май дар шаҳри Турсунзода дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Покистон, Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон ва Сооронбой Жээнбеков, сарвазири Қирғизистон оғоз шуд.