Боздошти судя бо 50 ҳазор доллар пора
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти як додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод, ки дар гирифтани 50 ҳазор доллар муттаҳам мешавад.
Манбаи “Озодагон” дар Оҷонсӣ иттилоъ дод, ки боздоштшуда Саидзода Искандар барои татбиқи ҷазои ғайриҳабсӣ аз як шаҳрванд 50 ҳазор доллар талаб намуда, ҳангоми гирифтани пора дар бинои маъмурии суди ноҳияи Рӯдакӣ дастгир шудааст: “Нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”.
Тафсилоти бештар давоми рӯз нашр мешавад