Ҳабси тӯлонии писари “Эмом хубак” барои қатли “Зафар бедняк”
Додгоҳи шаҳри Душанбе Обид Мақсудов, писари Эмом Мақсудов маъруф ба “Эмом хубак”-ро барои қатли тоҷир Зафархон Азимов, мулаққаб ба “Зафар бедняк”, ба 23 соли зиндон маҳкум кард.
Тавре манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, айбдоркунандаи давлатӣ барои Обид Мақсудов 24 соли зиндон талаб карда буд.
Қаблан Обид Мақсудов дар қатлиЗафархон Азимов иқрор шуда, шарҳ дода буд, ки сабаби муноқишаашон маблағ буд: “Сабаб сум буд. 110 ҳазор доллари амрикоӣ аз ман қарздор астӣ гуфт ва наистод, ки маро гӯш кунад. Гапҳоямон пасту баланд рафт, боз дашном дод. Дигар ман контролро аз даст додам”.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Зафархон Азимов, сокини 38-солаи кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе, 18 феврали соли равон дар назди "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе бо Обид Мақсудов, сокини 32-солаи кӯчаи Борбад муноқиша кардаанд: "Дар натиҷа Мақсудов бо олоти дар дасташ буда, ба қисмати дили Азимов зарба зада, ӯро маҷруҳ мекунад. Азимов баъди интиқол ба беморхонаи Маркази миллии шаҳри Душанбе ба ҳалокат мерасад".
Ба иттилои ВКД, Обид Мақсудов, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Борбад, пеш ду бор барои авбошӣ суд шудааст.
Обид Мақсудов писари Эмом Мақсудов, маъруф ба "Эмом хубак", раиси корхонаи кабелбарории Душанбе, муаррифӣ мешавад. Дар гузашта бародари Эмом -- Билол Мақсудов бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии 57 кило маводи мухаддир ҳабс шуда буд.
Зафархон Азимов, ки рӯзи 19 феврал ҷасадаш ба зодгоҳаш ноҳияи Ҳамадонӣ интиқол ёфт, аз соҳибкорони муваффақи Душанбе арзёбӣ мешавад, ки ба тиҷорати мошину масолеҳи сохтмонӣ машғул будааст.