Э.Раҳмон бо вазири обу энергетика ба Узбакистон рафт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 23-юми июн барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба шаҳри Тошканди Узбакистон рафт.
Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар ин сафар Президентро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмонали Усмонзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Манбаъ афзуд, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Гуфта мешавад, ки зимни ин сафар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои узбакаш Ислом Каримов дар назар аст.
Ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки раисиҷумҳурҳои Тоҷикистон, Чин, Русия, Белорусия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон рӯзҳои 23-24 июн баргузор мегардад.