Буҳрон: Президент буҷаи 2016-ро қариб ним миллиард кам кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарори ҳукумат дахлу харҷи буҷаи давлатӣ дар соли 2016-ро дар ҳаҷми 450 миллион сомонӣ кам намуд.
Тибқи қарори ҳукумат, ки моҳи равон имзо гардид, касри буҷаи соли 2016 дар ҳаҷми 0,5 фоиз нигоҳ дошта хоҳад шуд. Ҳукумати Тоҷикистон Вазорати молия ва Оҷонсии нафақаю суғуртаи иҷтимоӣро муваззаф намудааст, ки тағйироти дахлдорро ба қисмати даромаду хароҷоти буҷа ворид кунанд. Раиси ҳукумати Тоҷикистон масъулинро вазифадор кардааст, ки Маҷлиси намояндагонро аз тағйироти мазкур огоҳ кунанд.
Буҷаи соли 2016 ҳудуди 18,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда буд, аммо дар пайи таъсири буҳрони молиявӣ, коҳиши интиқоли маблағ, гардиши мол ва дигар омилҳои манфӣ нақшаи буҷа тайи моҳҳои гузашта иҷро нагардид.
Бо вуҷуди ин раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон маоши хидматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаву ташкилоти буҷавӣ ва андозаи нафақаву стипендияро аз якуми июли соли ҷорӣ мутаносибан аз 15 то 30 дарсад боло бурда, ҳадди ақали музди меҳнатро 60 дарсад бештар - 400 сомонӣ таъин намуд.