Боздошти як тоҷикистонии узви ДИИШ дар Олмон
Дар Олмон як шаҳрванди Тоҷикистон бо айби узвият дар гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДИИШ ва иштиирок дар ҷангҳои Сурия боздошт шудааст.
Додситонии Олмон бо нашри як иттилоия гуфтааст, Муҳаммадсаид С., дар ғарби Рейн-Вестфалияи ғарбӣ дастгир гардидааст. Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда 30 сол дошта, моҳи апрели соли 2015 аз Тоҷикистон ба Сурия рафтаву ба ДИИШ пайвастааст.
Ба иттилои манбаъ, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар чанд навори видеоӣ зоҳир шуда, ҳамватанони худро ба сафи ин гуруҳи террористӣ даъват кардааст. Бар пояи иттилоияи мазкур, Муҳаммадсаид С. на дертар аз моҳи сентябри соли 2015 Сурияро тарк намуда, ба Олмон меравад. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар муҷозот мешавад ё ӯро ба Ватан истирдод мекунанд.