Ироаи сабукӣ ба ширкатҳо дар бунёди нерӯгоҳи “Роғун”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи гузашта бо имзои як қарор ба ширкатҳои иштирокдор дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” сабукӣ додаст.
Тибқи қарори имзонамудаи раисиҷумҳур дар давоми сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ҳаҷми андоз аз арзиши иловашуда барои ширкатҳои таъминкунандаи мол, кор ва хизматрасонӣ дар ин нерӯгоҳ дар ҳаҷми 5 фоиз муқаррар карда шавад. Ҳукумат муқаррар намудааст, ки меъёри 5 фоизӣ барои ширкатҳои иштирокдор дар бунёди Роғун аз аз 1-уми майи соли равон ҳисоб карда шавад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран парлумони Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба буҷаи соли 2016 нерӯгоҳи “Роғун”-ро аз пардохти андози “роялтӣ” озод намуд.
Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон онро масъалаи “ҳаёту мамоти” кишвар хондааст, дар сурати бунёд бо иқтидори 3600 мегават ва садди 335 метра, бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд ва Тоҷикистонро аз як кишвари муҳтоҷи нерӯи барқ ба содиркунандаи он табдил хоҳад дод. Давлати Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки иддаои зарари "Роғун" асосе надоранд, зеро об дар садди нерӯгоҳ ба тадриҷ ва дар муддати бештар аз як даҳсола ҷамъ гардида, ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа истифода хоҳад шуд.