Шоҳидон: Нахуст ҷавони маст ба сари милиса зӯрӣ кард (АКС)
Шоҳидони муноқишаи шоми 21-уми июн, ки ахиран навораш ба интернет роҳ ёфт, изҳор медоранд, ки ҷавони маст гунаҳкор буд.
Шоҳидон, ки дар ҳудуди майдони назди Театри опера ва балет кор мекунанд, бо шарти ифшо нашудани номашон ба “Озодагон” гуфтанд, “ин ҷавон тақрибан соати 9 ҳамроҳи арӯсаш омада буд. Маст буд ва бо ҷавонони рус муноқиша намуда, бетартибӣ кард. Вақте корманди милиса хост, онҳоро ҷудо кунад, ҷавони маст ман коргари ҳукумат гуфта, ба сари милиса низ зӯрӣ кард. Баъди ин ӯро ғалтонданд”.
Дар ҳамин ҳол Хуршед Раҷабов, сардори муҳофизони боғи назди театри опера ва балет аз ин қазия изҳори бехабарӣ карда, гуфт дирӯз баъди соати 19:00 дар ҷои кор набуд. Раҷабов афзуд, маъмури милиса, ки дар навор аст кормандашон нест: “Ман ӯро намешиносам”.
Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоии 13 сониягӣ нашр гардид, ки дар он як маъмури милиса дар маркази шаҳри Душанбе бо пой сари ҷавони афтодаеро зер мекунад. Дар навор, ки вақти шом дар назди театри опера ва балети шаҳри Душанбе сабт шудааст, ҷавони афтода, ки ба гуфтаи ноширон маст аст, талош мекунад, ки аз ҷой хезад. Аммо маъмури милиса бо алфози қабеҳ пой дар гардани ӯ монда, монеъ мешавад, ки ӯ сарашро аз замин бардорад.
Дар навор бархе аз атрофиён аз ин бархӯрди милиса изҳори нороҳатӣ карда, суол мекунанд, ки ӯ чӣ кор кардааст. Афроди норозӣ аз милиса хоҳиш мекунанд, ки пой аз сари ҷавони афтода бардорад.
Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши духӯраро ба вуҷуд овардааст. Бархе аз ҷавон интиқод мекунанд, ки дар моҳи шарифи Рамазон майнӯшӣ мекунаду гуруҳи дигар милисаро танқид мекунанд, ки нисбати ҷавони афтода рафтори ғайриинсониро раво донистааст.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон то ҳол ин наворро шарҳ надодаанд ва дар сурати дарёфти шарҳи расмӣ “Озодагон” онро пешниҳоди хонандагон хоҳад кард.