Иди нави тоҷикон-рӯзи нахустин баромади Э.Раҳмон дар СММ
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 22-юми июн тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи рӯзҳои идро қабул намуда, як иди дигарро зам кард.
Тибқи тағйироти қабулкардаи вакилон минбаъд 29-уми сентябр ҳамчун рӯзи хизматчиёни дипломатӣ таҷлил мешавад.
Насиба Содиқова, вакили Маҷлиси намояндагон дар шарҳи интихоби 29-уми сентябр ҳамчун рӯзи дипломатҳо изҳор дошт, ки маҳз 29-уми сентябри соли 1993 бори авввал Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид баромад карда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ намуд.