Қабули ҷазои ҷиноӣ барои фиреби камераҳо ва мастӣ дар сари чанбарак
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 22-юми июн тағйиротеро қабул намуд, ки бар асоси он минбаъд барои бархе қоидавайронкуниҳо дар роҳ ба ҷои ҷавобгарии маъмурӣ ҷавобгарии ҷиноӣ таъин мешавад.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон, зимни муаррифии тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноӣ изҳор дошт, ки баъди фаъолсозии дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ҳолатҳои тағйири рақами мошин ё истифодаи рақамҳои бегона зиёд шуд. Аламшозода гуфт, бархе ронандаҳо барои гурез аз пардохти ҷарима рақами мошини бегонаро истифода мекунанд ё рақамҳои худро тағйир медиҳанд.
Бо зикри ин ҳолат ӯ пешниҳод намуд, ки дар Тоҷикистон ҷавобгарӣ барои тағйиру истифодаи рақами бегона, идораи мошин дар ҳолати мастӣ ё бе ҳуқуқи ронандагӣ пурзӯр карда шавад, зеро ба гуфтаи ӯ ҷавобгарии феълӣ кофӣ нест.
Тибқи тағйироти пешниҳодшуда ба Кодекси маъмурӣ барои тағйир ё истифодаи рақами бегона бори аввал ҷарима аз 10 то 15 нишондод барои ҳисобҳо, ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ аз 6 моҳ то 1 сол пешбинӣ шудааст. Дар сурати такроран даст задан ба ин кор алайҳи муттаҳам бар асоси Кодекси ҷиноӣ чораандешӣ хоҳад шуд.
Аламшозода инчунин изҳор дошт, ки барои такроран идораи мошин дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуқуқи ронандагӣ низ нафари муттаҳам ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.
Тибқи иттилои муовини аввали вазири умури дохилӣ соли 2015 дар кишвар 2,5 милион қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шуд, ки нисбати соли қаблӣ 945 адад бештар мебошад.