Ю.Раҳмон: Ҳукми гумонбарони дар хориҷбуда, бе иштироки онҳо бароварда мешавад
Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон зимни муаррифии тағйиру иловаҳо ба кодекси мурофиаи ҷиноятӣ дар Маҷлиси намояндагон гуфт, минбаъд ҳукми гумонбарон дар ҷиноятҳои сангин, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, бидуни ҳузури онҳо бароварда мешавад.
Ӯ гуфт, агар нафари маҳкумшуда ба Тоҷикистон баргардад, ҳукмаш бозбинӣ хоҳад шуд. Ҷаноби Раҳмон таъкид намуд, чунин муқаррарот дар қонунҳои бештари кишварҳо мавҷуд аст.
Прокурори генералӣ ҳадафи тағйиру иловаҳо ба кодекси мурофиаи ҷиноятиро такмилу мутобиқсозии баъзе мухолифатҳо дар қонунгузории кишвар хонд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба ҷонибдорӣ аз тағйиру иловаҳо ба ин кодекс овоз доданд.