Ваколатҳои раиси Суди олӣ зиёд шуд
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон имрӯз, 22 июн лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ дар бораи судяҳои Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Шермуҳамади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ зимни муаррифии ин лоиҳа гуфт, бар пояи ин тағйиру иловаҳо сини нафақаи судяҳои зан 58 ва аз мардҳо 63 муқаррар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, теъдоди судяҳои Суди олиро Президент муайян хоҳад кард.
Оқои Шоҳиён мегӯяд, дар пайи барҳам додани Шӯрои адлия ваколати раиси Суди олӣ зиёд карда мешавад: “Назорати фаъолияти судяҳои шаҳру ноҳияҳо, ки дар гузашта ба ихтиёри Шӯрои адлия буд, акнун бар уҳдаи Суди олӣ гузошта мешавад”.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 июн бо як фармон Шӯрои адлияи Тоҷикистонро барҳам дод.