Зуҳуров дар бораи савганди вакилон: Ин лоиҳа аҳамияти таърихӣ дорад
Вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи тағийру иловаҳо ба қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон”-ро якдилона қабул карданд.
Бар пояи ин тағйиру иловаҳо вакилони Маҷлиси намояндагон қабл аз фаъолияти кориашон бо номи мардум савганд ёд мекунанд.
Абдулло Иброҳимзода аснои муаррифии ин лоиҳа имрӯз, 22 июн дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон онро муҳим хонда, таъкид дошт, ба дигар қонунҳои амалкунандаи кишвар мухолифат надорад.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ин лоиҳа аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аҳамияти таърихӣ дорад.
Ба гуфтаи ӯ, баъди аз ҷониби Маҷлиси миллӣ қабул шудан ва аз сӯи Президент имзо гардидан, он мавриди амал қарор мегирад. Оқои Зуҳуров дар хитоб ба вакилон гуфт, “ба савгандёдкунӣ дар назди халқ омодагӣ бинед”.
Матни савганди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон чунин аст: "Ҳамчун узви Маҷлиси Миллии (вакили Маҷлиси Намояндагони) Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулият, ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси Конститусия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми нерӯ, дониш ва тарҷибаамро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок намоям."