Марди тоҷик барои раҳоии дӯст 1 млн пора доду зиндонӣ шуд
Кумитаи тафтишотии вилояти Воронеж тафтиши парвандаи ҷиноиро нисбати як марди 50-солаи тоҷик ба анҷом расонид, ки дар пешниҳоди як миллион рубл пора ба афсари “ФСБ” муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Кумитаи тафтишотии Русия марди 50-солаи тоҷикистонӣ, ки муваққатан дар шаҳри Маскав истиқомат мекардааст, моҳи ноябри соли 2015 ба муфаттиши калони шӯъбаи тафтишотии Хадамоти амниятии федералӣ (ФСБ) дар вилояти Воронеж барои сабук кардани ҷазои дӯсти боздоштшудааш 1 миллион рубл пора пешниҳод кардааст. Ӯ хостааст, парванда алайҳи дӯсташ, ки барои қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст, тибқи банди сабуктари Кодекси ҷиноӣ бандубаст шавад.
Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотӣ муфаттиши “ФСБ” пешниҳоди шаҳрванди Тоҷикистонро рад карда, гуфтааст, ки барои гирифтани ришва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад: “Бо вуҷуди ин, судшаванда пофишорӣ карда, муфаттишро барои гирифтани пора маҷбур мекунад ва дар дохили автомашина “ВАЗ 21124” дар тавақуфгоҳи марказии шаҳр ба корманди хадамот 650 ҳазор рубли русӣ ва 3800 доллари амрикоӣ, дар маҷмӯъ наздики 900 ҳазор рубли русӣ ришва медиҳад. Дар пайи додани ришва аз ҷониби кормандони Хадамоти амниятии федералӣ дар шаҳри Воронеж дастгир мешавад”.
Манбаъ мегӯяд, парванда алайҳи шаҳрванди Тоҷикистон тибқи қисми 4-и моддаи 291-и Кодекси ҷиноӣ-пешниҳоди пора дар ҳаҷми калон ба шахсони мансабдор таҳия шуда, ба суд ирсол гардид. Мақомоти Русия мегӯянд, моддаи 291 қисми 4-и Кодекси ҷиноятӣ барои порадиҳӣ ҷаримаи аз 60 то 80 баробари маблағи пора ва маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 10 солро пешбинӣ мекунад.