Сергей Шнуров: Мехоҳам ба гуруҳ як тоҷикро ҷалб намоям
Сергей Шнуров, раҳбари гуруҳи “Ленинград” гуфтааст, дар андешаи ҷалби як тоҷик ба ҳайати гуруҳаш аст.
Ӯ рӯзи 20 июн аснои нишасти хабарӣ қабл аз консерташ дар шаҳри Пенза изҳор дошта, “ман хелеҳост, ки мехоҳам як тоҷикро ба гуруҳ ҷалб намоям”.
Ба суоли хабарнигорон, ки одами нав дар гуруҳ чӣ нақш хоҳад дошт, Шнуров ҷавоб додааст, ки ба эҳтимоли зиёд ӯ бояд “бо забони хеле бади русӣ бисарояд”.
Гуруҳи “Ленинград” соли 2000 таъсис шудааст.