Боздошти як тоҷикистонии узви ДИИШ дар Афғонистон
Пулиси Афғонистон аз боздошти ду ҷангҷӯи гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” хабар дода, гуфтааст, яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Бино ба иттилои манбаъ, боздошти ин ҷангҷӯён дар вилояти Нангаҳор сурат гирифта, аз онҳо дастгоҳи GPS пайдо кардаанд. Ин дастгоҳ барои муайян кардани макони ҳамла истифода мешудааст. Дастгиршудаҳо гуфтаанд, онҳо қасди ҳамла ба ноҳияҳои Ачин ва Коти вилояти Нангаҳорро доштаанд.