Ҳабси модари хиёнаткор ва ошиқи ӯ барои сӯиқасд ба ҷони навзодаш
Додгоҳи Олии Тоҷикистон Марҷонаи Файзулло ва ошиқаш Нуралӣ Розиқов, сокинони ноҳияи Нурободро дар сӯиқасд ба ҷони духтари навзод гунаҳкор дониста, аввалиро ба 15 сол ва дуюмиро ба 17 соли зиндон маҳкум кардааст.
Тавре аз Додситонии кулли Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, маҳкумшудагон тайи як сол бо ҳам муносибати маҳрамона доштаанд ва барои якҷо шудан бо маъшуқаш, Марҷона розӣ шудааст, духтари навзодашро кушад: “Рӯзи 21 декабри соли 2015, тахминан соати 16-00 дақиқа ҳангоми аз назди хонаи Марҷонаи Файзулло, воқеъ дар ноҳияи Нуробод гузаштани Розиқов Нуралӣ ба маъшуқааш ишора кардаст, ки ба ӯ занг занад. Марҷонаи Файзулло фаҳмидааст, ки шабона Розиқов ба хонаи истиқоматиаш меояд. Тахминан соати 18-00 дақиқа баъди он, ки шавҳараш Носиров ғизои шомро хӯрда, аз хона бадар мешавад, Марҷон Нуралиро дар хонааш қабул мекунад. Баъдан Розиқов ба ӯ мегуяд, ки шавҳарат туро нигоҳубин намекунад ва шарт гузоштааст, ки ӯро ба занӣ мегираду шароити зиндагиашро беҳтар менамояд, агар духтарчааш Мавзунаи 10-моҳаро аз ҳаёт маҳрум намояд”.
Тибқи иттилои Додситонии кул Марҷонаи Файзулло ба таклифи Розиқов розӣ шуда, ҳар ду аз рӯи маслиҳати пешакӣ Мавзунаи хурдсолро гирифта ба мавзеи ахлотпартои маҳаллаи Исмоили Сомонӣ бурда, дар ҳавои сарду барфӣ аз ҷарии баландиаш 17 метр ба поён партофтаанд: “Аз ин ҳолат ҳамсояҳо ва кормандони милитсия огоҳ шуда, дар натиҷаи кофтукоби якҷоя Мавзунаи хурдсолро тахминан баъди 2-3 соат дар ҳолати ногувор, аз болои буттаҳои марминҷони хордор ёфтаанд”.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи гирифтани ёрии тиббӣ Мавзуна аз марг наҷот ёфтааст.