Фарзанди муҳоҷир калон шуду ба ҷустуҷӯи падар рафт
Як ҷавони тоҷик барои пайдо кардани падари 44-солааш, ки 14 сол қабл ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт, кӯмак мехоҳад.
Ин ҷавони тоҷик ба ҷунбиши “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” дар Русия муроҷиат карда, изҳор доштааст, ки падараш Зоиров Нозим Исмоилович 14 сол қабл ба Русия омад: “Мо сокини шаҳраки Шаҳритус мебошем. Падарам тайи 14 сол ҳамагӣ як бор - ҳашт сол қабл аз шаҳри Нижний Новгороди Русия бо мо дар тамос шуда буд ва дигар аз ӯ хабаре нест”.
Писари Зоиров аз нафароне, ки падарашро дар ҷое дидаанд ё дар борааш маълумоте доранд, хоҳиш намудааст, ки бо рақамҳои - 89625490605 /89376119868 ва ё почтаи электронии mahmadvahobov@mail.ru дар тамос шаванд.