Эмомалӣ Раҳмон гуфт, буҷаи солонаи давлатӣ аз 1,8 то 15,7 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 21 июн дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президент аъзои ҳукумат ва дигар раҳбарони ниҳодҳои давлатии кишварро муваззаф намудааст, то ҳамкориро бо соҳибкорони ватанӣ бештар кунанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумати мамлакат ва дигар сохторҳои давлатиро вазифадор намуд, ки дар заминаи афзалиятҳои рушди дарозмуддат то соли 2030 ва миёнамуҳлат барои солҳои 2016-2020 ҳамкориҳои судмандро бо соҳибкорони ватанӣ шарикони рушд, сармоягузорони хориҷӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор васеъ ба роҳ монда, аз тамоми имконияту иқтидорҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ҷаласаи имрӯзаи Шӯро масъалаҳои таъмини рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва то нишондоди ниҳоӣ коҳиш додани сатҳи камбизоатиро фаро мегирад. Президенти кишвар гуфтааст, ҳуҷҷатҳои дар кори Шӯро баррасишаванда дар шароите таҳия мешаванд, ки вазъи ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир торафт мураккаб гардида, дар бисёр кишварҳои олам буҳрони молиявию иқтисодӣ шиддат мегирад: “Таъкид шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи глобаливу минтақавӣ ва бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, пеш аз ҳама, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ мунтазам чораҷӯӣ намуда азми роҳбарияти мамлакат дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, тавсеаи имконияти содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, самаранокии бозори меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили низоми идораи давлатӣ ва тақвияти нерӯи инсонӣ қавӣ ва ояндадор мебошад”.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ таъкид намудааст, ки дар заминаи тадбирҳои амалишуда сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 53 фоизи соли 2007 то ба 31 фоиз дар соли 2015 коҳиш дода шуда, буҷети солонаи давлатӣ аз 1,8 то 15,7 миллиард сомонӣ ё қариб 9 баробар афзоиш ёфтааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кардааст, ки саъю кӯшиш ва меҳнати содиқонаи мардуми кишвар дар амалӣ шудани ҳадафу вазифаҳои ин ҳуҷҷатҳо заминаи устувор гузошта, саҳми шарикони рушди Тоҷикистон низ дар татбиқи стратегияву барномаи мазкур назаррас хоҳад буд.