Дашноми тоҷикии шаҳрванди Чин ба занозанӣ кашид
Дар ҷануби Тоҷикистон миёни ду сокини маҳаллӣ ва як шаҳрванди Чин ҷанҷол сар зада, то ба занозанӣ расидааст.
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ҳам сокинони маҳаллӣ ва ҳам шаҳрванди Чин дар сохтмони шоҳроҳи Кӯлоб - Қаълаи Хум кор мекунанд. Як шоҳиди ин ҳодиса бо шарти ифшо нашудани номаш ба “Озодагон” гуфт, ҳодиса чор рӯз қабл дар наздикиҳои маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба гуфтаи ӯ, дар пайи беҳурматӣ нисбати нон аз ҷониби шаҳрванди Чин сурат гирифтааст: “Хитойӣ нонро бо шатта зад. Баъди ин Молиқо ва Бобоҷон бо ӯ баҳс карданд. Ҳоло хитоиҳо ҳақоратҳои тоҷикиро ёд гирифтаанд. Ин хитойӣ дашномҳои сахт кард, ки тоҷикон тоқат накарданд”.
Дар беморхонаи маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гуфтанд, баъди ин ҳодиса шаҳрванди Чин барои ташхис оварда шуд: “Ба саломатии ӯ ягон зарари ҷиддӣ нарасидааст. Танҳо биниаш каме осеб дидааст”.
Дар ҳамин ҳол аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия ба "Озодагон" гуфтанд, нисбати ин ду сокини маҳаллӣ парвандаи маъмурӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Шоҳроҳи Кӯлоб - Қаълаи Хумро дар гузашта ширкатҳои туркӣ навсозӣ мекарданд, аммо аз соли равон он дар ихтиёри чиноиҳо гузошта шудааст.