Узрхоҳии Шабнами Сурайё барои клипи “Маёзорам”
Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи попи тоҷик барои нашри клипи “Маёзорам” аз ҳамаи мухлисонаш узр хост.
Ин клип, ки Шабнам бо пероҳани ҳарир дар он зоҳир мешавад, аввалҳои моҳи июн дар интернет нашр гардид. Шабнам ба “Озодагон” гуфт, сабти клип ҳанӯз соли 2013, қабл аз он ки ба Хонаи Худо биравад, сабт шуда буд ва хабар надошт, ки ба интернет роҳ меёбад: “Ман ҳамроҳи модарам, ки бемор аст, дар Ҳиндустон будам. Намедонистам, ки ин клипро нашр мекунанд”.
Нашри ин клип дар моҳи Рамазон иттифоқ уфтод ва ба гуфтаи Шабнам аз ин хеле нороҳат аст: “Ман алҳамдуллилоҳ мусалмонам. Барои паҳн шудани ин клип аз ҳамаи мухлисонам маъзарат мехоҳам. Моҳи мубораки Рамазонро барои кулли мусалмонон табрик мегӯям”.
Шабнами Сураё, духтари Сурайё Қосимова, овозхони номовари тоҷик, моҳи июли соли 2014 ҳамроҳи духтараш -- Шарифамоҳ ва хоҳаронаш -- Бибирӯзигулу Фарзона ба зиёрати Хонаи Худо рафта, баъди он дар бештари ҳунарнамоиҳояш дар саҳна бо румол зоҳир мешавад.