Дилбар Гургова: Писари 11-солаи маро дар “қартабозӣ” муттаҳам мекунанд
Дилбар Гургова, ҳамсари Амрулло Нуров, муттаҳам дар узвият ба гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим мегӯяд, кормандони пулис писари 11-cолаи ӯро ба ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур бурдаанд.
Хонум Гургова имрӯз, 20 июн ба “Озодагон” гуфт, ӯро ҳам ба идораи пулис даъват карда, нисбаташ “протокол” тартиб додаанд. “Писарам Аслиддин Нуров дар синфи 4 мехонад. Ӯро ҳамроҳи як духтар, ки хонандаи синфи 9 аст, ба шӯъба овардаанд. Кормандони милиса мегӯянд, писари ман ва он духтар ҳамроҳи мардони калонсол “қартабозӣ” кардаанд”.
Дилбар Гургова афзуд, дар хона бемор буд ва писараш барои таъмири туфлиҳои даридааш ба назди усто рафта буд: “Ман ҳайронам, ки агар писари ман бо он мардон “қартабозӣ” карда бошад, пас чаро онҳоро боздошт накардаанд? Ҳоло “протокол” карданд. Як соат аст, ки дар шӯъба ҳастем”.
Ин дар ҳолест, ки нимаи аввали моҳи апрели солӣ ҷорӣ, Дилбар Гургова гуфта буд, додситонии ноҳияи Шоҳмансур алайҳаш бар асоси қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд парванда боз кардааст. Он замон хонум Гургова иброз дошт, барои фиристодани фарзандонаш ба мактаб шароит надорад ва мақомот барои ин ӯро ҷарима карданианд.