Абдулвоҳид Шамолов мансаби нав гирифт
Абдулвоҳид Шамолов собиқ директори Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Академияи улуми Тоҷикистон, ки давоми як соли охир ба ҳайси муовини сармуҳаррири нашрияи Ҳизби халқӣ-демократии кишвар -- "Минбари халқ" кор мекард, дар Маҷлиси Миллӣ вазифаи нав гирифтааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” Шамолов охири ҳафтаи гузашта ба мақоми муовини раиси дастгоҳи Маҷлиси Миллии Тоҷикистон таъин шуд.
Абдулвоҳид Шамолов, ки аз соли 2011 раҳбарии Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Академияи улуми Тоҷикистонро бар уҳда дошт, 20 апрели соли гузашта бо қарори ҳукумат аз мақомаш барканор шуда буд.