Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД хабар доданд, зимни амалиёти вижаи кормандони милиса Муҳаммадшариф Аюбови 16 сола, сокини маҳалаи 18-ум ва Абдусаттор Сатторов 22 сола, истиқоматкунандаи маҳаллаи мазкур ба даст афтоданд.
Манбаъ афзуд, ин афрод дар манзили истиқоматии ноболиғ Муҳаммадшариф Аюбов бо мақсади ба муомилот баровардани 10 адад арзи миллии қалабакии сомонӣ, ки арзиши 10 сомонӣ доштанд, ба тавофуқ расида буданд. Аснои азназаргузаронии хона, 1 варақаи 4-адад купюраи 10 сомонӣ дошта дарёфт карда шуд.
Гуфтанист, Абдусаттор Сатторов қаблан доғи судӣ дошта, бо моддаи 244 кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум гардидааст. Мутобиқи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 21-уми августи соли равон ба озодӣ баромадааст. Айни замон нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.