Ҳалокати як нафар дар пайи садамаи нақлиётӣ
Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон садамаи нақлиётӣ бойиси марги як нафар гардид.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, ронандаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс» рақамаи давлатиаш АЕ 6715 03/РТ Қодир Шарипов, ки сокини ноҳияи Восеъ аст, аснои ҳаракат аз тарафи ноҳияи Шаҳритус ба тарафи ҷамоати Обшорон, дар ҳудуди деҳаи Бинокор қоидаи ҳаракати роҳро риоя накардааст. Зимнан, сарнишини нақлиёт аз ӯҳдаи идораи он набаромада, велосипедрон Сафаралӣ Ҳусейнови 19- соларо пахш намудааст, ки дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.