Тағйири қонунҳо: Вазирон ба Президенту вакилон ба халқ қасам мехӯранд
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз 20-уми июн тағийру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ дар бораи ҳукумати Тоҷикистон ва вазъи ҳуқуқии аъзои парлумонро баррасӣ кардааст.
Тавре аз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи ҳукумати Тоҷикистон савгандёдкунии аъзои ҳукуматро пешбинӣ намудааст: “Дар маҷмуъ ин иловаҳо барои мутобиқ кардани қонунҳои мазкур ба тағйироти воридшуда ба Конститутсия мебошанд”.
Инчунин Шӯрои Маҷлиси намояндагон тағйирот ба лоиҳаи қонун дар бораи вазъи ҳуқуқуии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро баррасӣ намудааст, ки бар асоси он аъзои парлумон низ бояд савганд ёд кунанд.
Абдуҳалим Ғафоров, вакили Маҷлиси намояндагон, раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар шарҳи тағйиру иловаҳои нав ба “Озодагон” гуфт, вазирон ба Президент ва вакилони Маҷлиси намояндагон қабл аз фаъолияти корияшон ба халқ савганд ёд мекунанд.