Ифшои боз як далели заминфурӯшии мансабдорони ноҳияи Рӯдакӣ
Маъмурини Оҷонсии зидди фасод зимни як амалиёт дар бинои ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ Бобомурод Тураев, сармуҳосиби раёсати кишоварзии ин ноҳияро боздошт намудаанд.
Тавре аз ин ниҳод имрӯз, 20-уми июн ба “Озодагон” иттилоъ доданд, сармуҳосиб баъди муроҷиати як шаҳрванд дар ҳуҷраи корияш боздошт гардид: “Дар пайи муроҷиати шаҳрванд муайян карда шуд, ки Тураев дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Нурмуҳамадов Ахмадбек ва Садриддинов Олимҷон, раиси хоҷагии деҳқонии "Гулистон" -и ноҳияи Рӯдакӣ аз шаҳрванд "Г" барои ҷудо намудани 7 ҳисса замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди деҳаи Оли-Совети ҷамоати деҳоти Зайнабобод 9000 доллари амрикоиро талаб кардаанд. 4500 доллари амрикоиро ҳамчун пешпардохт гирифта, баъдан ба номи шаҳрванд "Г" дар масоҳати 0,07 га фармони ҳоҷагии фермерии "Наврӯз" ва қарори раиси ҷамоати деҳоти Зайнаободро тайёр карда, боз 4500 доллари амрикоии боқимондаро талаб намудаанд”.
Манбаъ мегӯяд, Тураев ҳангоми гирифтани 4000 доллари амрикоӣ дар ҳуҷраи корияш, воқеъ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дастгир карда шуд: “Феълан алайҳи Тураев Бобомурод, Садриддинов Олимҷон ва Нурмуҳамадов Аҳмадбек бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад”.