74 ҳазор $ пора барои гирифтани собиқ хоҷагии “Раҳмон Набиев”
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон Ваҳобов Абдусамад Абдуқодирович, сокини шаҳри Хуҷандро боздошт намудааст, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.
Тавре аз ин ниҳод имрӯз, 20-уми июн ба “Озодагон” иттилоъ доданд, боздоштшуда моҳи октябри соли 2014 ба ду соҳибкори навқадам, ки мақсади ташкили фермаи чорвопарвариро доштанд, ваъда додааст, ки аз ҳисоби заминҳои корами собиқ фермаи бурдоқипарварии хоҷагии ба номи "Раҳмон Набиев"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 3,5 га заминро барояшон ҷудо мекунад. Ба иттилои манбаъ ин сокин ҳеч салоҳияти расмӣ барои ҷудо кардани замин надоштааст, вале бо роҳи қаллобӣ аз 70 000 доллари талабкардааш, 8 октябри соли 2014-ум 52 000 доллари амрикоиро гирифтаст.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, Ваҳобов вобаста ба ваъдаи додааш ягон амалро иҷро накарда, боз бо ваъдаи хуҷҷатгузорӣ намудани биноҳои собиқ фермаи бурдоқипарварии хоҷагии “Раҳмон Набиев" 22 000 доллари дигар талаб намудааст: “Соли равон Ваҳобов ҳангоми гирифтани 22 000 доллари амрикоӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағҳои пулӣ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардид”.
Манбаъ афзуд, ки феълан алайҳи Ваҳобов Абдусамад Абдуқодирович бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷинояти оғоз гардида, тафтишот идома дорад.