Ронандаи “Мерседес” ҷавонзан бо ду кӯдакро зер кардааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои истироҳати гузашта дар вилояти Суғд се садамаи маргбор ба қайд гирифта шуданд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, аз ҷумла ронандаи 36-солаи “Мерседес-Бенс” ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Марҳамат-Ошоба”-и ноҳияи Ашт зани 29-сола ва писарчаю духтарчаи 3-сола, сокинони ҷамоати Ошобаро зер кардааст: “Дар натиҷа духтарча дар ҷойи ҳодиса ҷон дода, пиёдагардони дигар дар беморхона бистарӣ гаштаанд”.
Ба иттилои манбаъ инчунин дар пайи бархӯрди мотосикл бо “Мусо” дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт мусофири 44-солаи мотосикл дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, садамаи сеюми маргбор дар Исфара рух дод: “19-уми июн, тахминан соати 15:00-дақиқа, ронандаи 23-солаи “Мерседес-Бенс”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Газ-3110”, таҳти идораи марди 51-солаи сокини шаҳри Исфара бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Газ-3110” дар беморхона ҷон додаст”.